ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи 25-уми Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд тазаккур дод, ки нишасти сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун платформаи асосии иқтисодӣ ва тиҷоратии созмон хизмат мекунад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 25-уми Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва инноватсия, хусусан дастгирии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои стартапҳо ва рушди инфрасохтори рақамии оммавӣ нақлиёт ва логистика, аз ҷумла густариши долонҳои нақлиётӣ, равобити фарҳангию гуманитарӣ, масъалаҳои молиявӣ ва институтсионалӣ ва дигар масъалаҳо нигаронида мешавад.
Дар ҷаласаи Душанбе роҳбарони ҳукуматҳо ва намояндагони баландпояи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз
Октябрь 19, 2026 15:51

