ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар давлатҳо бо теъдоди зиёда аз 16 ҳазор нусха 2 ҳазор номгӯй китобро пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши китоб намояндагони гуногункасб, аҳли зиё ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар чорабинӣ ноширони ватанӣ — муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», Нашриёти «Муосир», «Эр-граф», «Шарқи Озод» китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз намуд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобу китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид».
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ ва нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «намоиш-фурӯши китоб аз соли 2010 ин ҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватанию хориҷӣ баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳими таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст».
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам афзуд, ки «намоишгоҳ барои ҷомеа ва олимону зиёиён моҳияти бештар дорад. Зеро дар ин макон китобҳои тозанашри дохилӣ ва хориҷи мамлакат пешниҳод гардидаанд. Баргузории ин намоиш ба рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Он ҳамчунин ба густариши ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни намояндагони соҳаи нашр замина мегузорад».
Китоб дар тамоми давру замон сарчашмаи дониш, хираду маърифат, тарбияи ахлоқӣ ва омили муҳими ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ба шумор меравад. Маҳз тавассути китоб наслҳо бо таъриху тамаддун, забон, адабиёт ва дастовардҳои илмию фарҳангии гузаштагон шинос шуда, барои оянда заминаи устувор мегузоранд.
«Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад»,— омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019.
Баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ба рушди соҳаи табъу нашр, дастгирии ноширони ватанӣ, ҷалби бештари ҷомеа ба китобхонӣ, таҳкими робитаҳои адабию фарҳангӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» ҳамарӯза аз соати 09:00 то 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, то 24 октябр идома меёбад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
