ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 12 то 18 октябр дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор мегарданд, иштирок менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи иқтисод ва молия буда, роҳбарони бонкҳои марказӣ, вазирони молия ва рушди иқтисод, намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмии кишварҳои ҷаҳонро ҷамъ меоранд.
Ҳадафи асосии ҷаласаҳо баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, таҳкими суботи молиявӣ, муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодию молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувор ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Ин чорабиниҳо ҳамчунин барои мубодилаи таҷриба, баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам меоранд.
Дар доираи ҷаласаҳо вохӯриҳои сатҳи баланд, нишастҳои матбуотӣ, семинарҳо ва форумҳои байналмилалӣ баргузор шуда, намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои рӯзмарраи иқтисоди ҷаҳонӣ, хавфҳои молиявӣ ва роҳҳои таъмини рушди устуворро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаҳо ба шиносоӣ бо равандҳои муосири иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, мубодилаи афкор бо намояндагони ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи бонкӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
Октябрь 13, 2026 17:45
