ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе мегузарад, Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар кинотеатри «Наврӯз»-и пойтахт филми эронии «Дар оғӯши дарахт» ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин филмҳои «Сипеҳри Эрон» ва «Қиморбоз» пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд.
Зимни баргузории Рӯзҳои кинои Эрон тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо филмҳои муосир, дастовардҳои синамои Эрон ва равандҳои нави рушди санъати кинои ин кишвар шинос шаванд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон, густариши муколамаи эҷодӣ ва табодули таҷриба байни синамогарони ду кишвар нақши муҳим дорад.
Рӯзҳои кинои Эрон яке аз бахшҳои барномаи байналмилалии Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» буда, ба муаррифии дастовардҳои синамои Эрон ва таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни ду давлат равона гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва байналмилалӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкории эҷодӣ байни синамогарони кишварҳои дӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»
Октябрь 16, 2026 11:00
