24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуданд.
***
24 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфтанд.
***
24 октябри соли 2019 дар Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот намуданд.
***
4 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд.
***
24 октябри соли 2023 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи сатҳи баланд оид ба омодагӣ ба Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии савдо баргузор гардид, ки дар кори он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо, мавқеи мамлакат оид ба вазъи глобалӣ, ба хусус ислоҳот дар Созмони ҷаҳонии савдо ва низоми савдои бисёрҷониба сухан гуфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии «БРИКС+» ва «БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок ва суханронӣ намуданд.
24 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.
***
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо полиомиелит.
***
Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.
***
Дар Тоҷикистон — Рӯзи иттифоқҳои касаба.
***
Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони дипломатӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1836 ихтироъкор Алонзо Д. Филлипс дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои гӯгирди бехатари соишӣ (фосфорӣ) патент гирифт.
***
Соли 1851 астроном ва ситорашиноси англис Вилям Лассел ду моҳвораи (радифи) табиии сайёраи Уранро кашф кард, ки онҳо Ариел ва Умбриел номгузорӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1857 хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол таъсис доданд.
***
24 октябри соли 1945 оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1946 тавассути камерае, ки дар мушаки баллистикии V-2 насб шуда буд ва аз полигони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парвоз кард, аввалин акси сайёраи Замин аз фазои берунаи кайҳон (дар баландии тақрибан 105 километр) гирифта шуд.
***
24 октябри соли 1996 дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҳалок шуданд.
***
24 октябри соли 2005 дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард.
***
24 октябри соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Финландия баррасӣ шуд.
***
24 октябри соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон Холмаҳмад Холовро бо медали «Пушкин» қадрдонӣ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1986 дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.
***
Соли 2000 дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.
Октябрь 24, 2026 08:00
