ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳот маҳсуб мешавад. Ин сана аз соли 2008 тибқи қарори махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади беҳтар намудани шароити занон дар деҳот қабул гардидааст.
Маълумоти оморӣ
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 январи соли 2026 дар мамлакат 10 миллиону 721,5 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 5 миллиону 282,9 ҳазор нафарашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 3 миллиону 723,0 ҳазор занон дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти Таҳқиқоти қувваи корӣ–2025, дар Тоҷикистон 3 миллиону 18 ҳазору 773 нафар аҳолии аз 15 то 75-сола ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 1 миллиону 950 ҳазору 415 нафар (64,6 фоиз) мардон ва 1 миллиону 68 ҳазору 358 нафар (35,4 фоиз) занон мебошанд. Аз рӯи маҳалли зист аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори таҳқиқот, 2 миллиону 152 ҳазору 231 нафар сокини деҳот ва 866 ҳазору 542 нафар сокини шаҳр мебошанд.
Занони деҳот имрӯз қариб дар ҳама соҳаҳо- маорифу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, ҳунаромӯзиву эҳёи анъанаҳои миллӣ фаъолияти босамар доранд. Занони деҳот дар Тоҷикистон қувваи асосии пешбарандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии деҳот ба шумор мераванд. Аз сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қисми зиёди мардон рӯзгор ва корҳои саҳроӣ ба дӯши занон меафтад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи занон иброз намуданд, «аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириву ба шуғли доимӣ фарогирии занон ва ҳамзамон баланд бардоштани некуаҳволии занону духтарони хонанишин, хосатан бошандагони деҳот таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Яке аз ин тадбирҳо эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, ба монанди қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, сабадбофӣ, қаннодӣ ва гулпарварӣ мебошад.
Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст. Ҳадафи он ба фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ, имконияти иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ташкили ҷойи нави кор ва рушди фаъолияти соҳибкории занон нигаронида шудааст.
Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ барои ташкили 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад. Ҳангоми ҷудо намудани лоиҳаҳои грантӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ- занони дорои имконияти маҳдуд (онҳое, ки аз уҳдаи татбиқи лоиҳа мебароянд) ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, занони дорои кӯдаки маъюб, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият дода мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки чунин маблағҳои грантӣ аз соли 2006 то инҷониб дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ ба 1 ҳазору 185 нафар занон ҷудо гардида, ба рушди иқтисодии оилаҳо ва фаъолияти соҳибкории занон мусоидат намуд. Маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳо ба имомӯзӣ ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани минтақаҳои мамлакат квотаи президентӣ амалӣ мегардад. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат квотаи махсус ҷудо шавад.
Тибқи дастури Сарвари давлат, нафароне бояд ба тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд. Инак, 29 сол мешавад, ки бо ҳадафи дастгирии духтарон деҳоти дурдасти мамлакат озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни мулоқот бо занону духтарон бахшида ба Рӯзи Модар иброз доштанд, «танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд. Яъне, шумораи духтарону занони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст».
Ин иқдом дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ва паёмҳои ҳарсола ба мақоми зан, хусусан занони деҳот ва соҳибкор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат зани тоҷикро на танҳо ҳамчун модар ва тарбиятгари насли оянда, балки чун неруи бузурги созандаи ҷомеа эътироф менамоянд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз занону духтаронро неруи бузурги амалисозандаи ҳадафу нақшаҳои худ дар ҷодаи пешрафту ободии Ватан мешуморад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 15, 2026 11:00
