ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд дар соли таҳсили 2026–2027 шумораи муассисаҳои таълимӣ 11 адад ва теъдоди хонандагон 17 403 нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар соли таҳсили 2026-2027 дар вилоят 977 муассисаи таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла 868 мактаби миёна, 36 гимназия ва 30 литсей) фаъолият дошта, дар онҳо 610 728 нафар (аз ҷумла 297 596 духтар) таҳсил мекунанд. Инчунин 330 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 54 892 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.
Барои ҳалли мушкили ҷойи нишаст ва рушди зерсохтор давоми моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар вилоят 64 иншооти соҳаи маориф бо 14 314 ҷой мавриди истифода қарор дода шуд. То охири сол сохтмони биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 91 мактаб (барои 27 791 ҷойи нишаст) ва сохтмони 50 боғчаи нав (барои 6 585 кӯдак) ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Октябрь 21, 2026 13:26

