ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 октябр шаҳри Душанбе–пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи 25-уми Шурои раисони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷаласаи 25-уми Шурои раисони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои соли 2026 маҳсуб мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории амалӣ, хусусан дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ байни кишварҳои аъзо баррасӣ шаванд. Барои ҳамоҳангсозӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ дар Тоҷикистон кумитаи тадорукот таъсис дода шуда буд, ки корҳои омодагиро тақвият дод.
Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҳамкории Шанхай созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.
Соли 2000 дар шаҳри Душанбе зимни нишасти охирони сарони «Панҷгонаи Шанхай» табдил додани он ба як сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои гуногун пешниҳод гардид. Дар зимн ин пешниҳод дар Эъломияи Душанбе аз 4 июли соли 2000 дарҷ гардид. Маҳз ҳамин тасмими сарони давлатҳо асос шуд, ки як сол пас, 15 июни соли 2001 дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Шанхай Изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Узбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» ва Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
Дар айни замон СҲШ ба яке аз сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ва модели нави ҳамкории самарабахши минтақавӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз СҲШ фазои бузургро фаро гирифта, масоҳати умумии он зиёда аз 65 фоизи ҳудуди сайёраро ишғол намуда, аҳолиаш зиёда аз 3,5 миллиард- қариб 50 фоизи аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад. Ин на танҳо бо шакли нави ҳамкорӣ аз нигоҳи сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва гуногунии фарҳангӣ, балки ҳамчунин бо «руҳияи Шанхай», ки дар Оинномаи СҲШ инъикос ёфтааст ва ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ҳама соҳаҳо пайваст мебошад.
Моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи Шурои раисони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тартиб додани мақоми давлати аъзои СҲШ ба тасвиб расид, ки имкони пайвастани дигар давлатҳо ба ин созмонро фароҳам овард. Дар ин замина, дар нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Остона моҳи июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон ба сифати давлатҳои аъзои комилҳуқуқ пайвастанд. Дар нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе қарор дар бораи шуруъ намудани тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баланд бардоштани мақоми он кишвар ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ қабул карда шуд. Ҳамин тавр, дар саммити соли 2023 Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар саммити соли 2024 Ҷумҳурии Беларус аъзои комилҳуқуқи СҲШ шуданд.
Дар айни замон Созмон аз 10 давлати аъзо — Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, 2 давлати нозир — Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ –Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянма, Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия, Шри Ланка иборат мебошад.
Ҳадафҳои асосии СҲШ ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобили судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб мешаванд.
Дар Созмон 35 мақомоти оинномавии СҲШ ва беш аз 46 механизми ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъсис ва фаъолият доранд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (СМЗТ) мақомоти доимамалкунандаи СҲШ мебошанд, ки моҳи январи соли 2004 ба фаъолият шуруъ кардаанд. Котиботи СҲШ дар Пекин ва Кумитаи Иҷроияи СМЗТ СҲШ дар Тошканд ҷойгир мебошанд. Забонҳои расмии СҲШ чинӣ ва русӣ мебошанд. Яке аз самтҳои асосии СҲШ мубориза бо терроризм, сепаратизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳурот мебошад. Дар ин самт СМЗТ СҲШ бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва мақсаднок таъсис дода шудааст. Дар доираи СҲШ машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ва низомӣ баргузор карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокдори фаъоли СҲШ мебошад, солҳои 2008, 2014 ва 2021 дар Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ раёсатро ба уҳда дошт. Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин Созмон авлавият дода, талошҳоро барои таҳкими ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ҳамкории мутақобили судманд ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии СҲШ бар асоси усулҳои муттасилӣ, баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба манфиатҳои ҳама давлатҳои аъзо, инчунин санадҳои бунёдии Созмон равона месозад.
Нишасти Душанбе дар соли 2021 дар таърихи Созмони ҳамкории Шанхай ба марҳилаи муҳим табдил ёфта, муҳтавои рӯзномаи онро ба таври қобили мулоҳиза ғанӣ сохт. Саммити ҷашнӣ муваффақона анҷом ёфтани раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021-ро бо бастаи ҳуҷҷатҳои имзошуда, ки шумораи онҳо бори аввал дар таърихи СҲШ ба 30 адад расида буд, тасдиқ кард.
Дар давраи раёсати Тоҷикистон зери шиори «20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» ҳудуди сад чорабинии муштарак баргузор гардиданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба дар доираи Созмон, аз ҷумла таҳкими СҲШ ва баланд бардоштани нуфузи он тадбирҳои муассир ва самарабахш андешиданд.
Ҳуҷҷати асосие, ки дар натиҷаи нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъои СҲШ қабул шуд, ин Эъломияи Душанбе дар бораи бистсолагии СҲШ буд, ки дар он натиҷаи асосии фаъолияти бистсолаи СҲШ ва мавзеъгирии ягонаи кишварҳои аъзо дар масъалаҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ инъикос ёфтааст. Бешубҳа, ин санад барои Созмон ба сифати дастури муҳим самтҳои нави рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхайро муайян намуд.
Дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон платформаҳои нави ҳамкорӣ- мулоқотҳои вазирони саноат ва энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба кор шуруъ карданд.
Бахшида ба 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Ҳамчунин дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ (солҳои 2020-2021) бо ташаббуси кишварамон Суруди СҲШ таҳия гардид, ки бори нахуст дар саммити ҷашнӣ садо дод.
4 июли соли 2023 дар саммити навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии Созмон то соли 2030 ва як сол пас дар саммити Остона Нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи он қабул шуд. Ҳуҷҷати мазкур фарогири тамоми соҳаҳои иқтисодӣ бо тамаркуз ба «рушди сабз» мебошад. Оғози татбиқи он ба ҳамкории воқеии амалӣ бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаи СҲШ такон мебахшад.
Бо мақсади тақвият додани имконияти рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲШ механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи танзими зиддиинҳисорӣ ва мубориза бо рақобати беинсофона таъсис гардид. Он барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми минтақаи СҲШ, инчунин мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар кишварҳои аъзои СҲШ мусоидат хоҳад кард. Нахустин ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои зиддиинҳисорӣ моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
4 июли соли 2024 дар саммити навбатӣ дар Остона Қарори Шурои сарони давлатҳо барои таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе қабул шуд. Ҳадаф аз таъсиси Марказ тақвияти ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, хусусан баланд бардоштани самаранокии амалиёти муштараки онҳо дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Тоҷикистон ба сифати яке аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи ин Созмон саҳми арзанда мегузорад. Аз ҷумла, талошҳои кишвар ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар руҳияи эҳтиром, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобили судманд, аз ҷумла бо давлатҳои шарики муколама равона шудаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
