ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, гузаронида мешавад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ аст. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллиро хуб дарк карда, сабақи далерию шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мавсими баҳор ва тирамоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Октябрь 22, 2026 11:13

